Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ» дар браузери «Firefox»

Агар шумо компютерро бо дигарон муштарак истифода баред ё хоҳед, ки ҷамъоварии маълумот аз ҷониби сомонаҳоро маҳдуд созед, метавонед реҷаи тамошокунии хусусиро дар «Firefox» истифода баред. Реҷаи «Тамошокунии хусусӣ» изҳои рақамии шуморо, ки ҳангоми гаштугузор дар Интернет боқӣ мемонанд, пок мекунад — фикр кунед, ки онҳо мисли изи по дар миёни ҷангал ҳастанд.

Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ» чӣ тавр кор мекунад?

Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ» равзанаи нави браузерро мекушояд. Вақте ки шумо равзанаи охирини тамошобинии хусусиро мепӯшед, таърихи тамошобинии сомонаҳо ва кукиҳои пайгирии сомонаҳое, ки боздид кардед, нест карда мешаванд. Маслиҳати муфиди «Firefox»: Ҳангоми ба анҷом расондани кори худ фаромӯш накунед, ки ҳамаи равзанаҳои тамошобинии хусусиро пӯшед!

Равзанаи браузери «Firefox» дар реҷаи «Тамошобинии хусусӣ».

Корҳое, ки реҷаи «Тамошобинии хусусӣ» намекунад

еҷаи «Тамошобинии хусусӣ» хатбаракҳои наверо, ки шумо дар равзанаи хусусӣ месозед, нест намекунад ва инчунин аз вирусҳо ё нармафзори зараровар муҳофизат намекунад. Ин реҷа, инчунин, наметавонад пешгирӣ кунад, ки сомонаҳое, ки шумо боздид мекунед, ҷойгиршавии воқеии шуморо муайян намоянд ё провайдери интернет фаъолияти шуморо сабт накунад. Барои ин гуна муҳофизат, ба шумо барномаи боэътимоди «VPN» лозим мешавад.

Тамошобинии хусусии «Firefox»-ро бо Реҷаи пинҳонии «Chrome» муқоиса кунед.