Браузери «Firefox»-и худро ба таври дилхоҳ танзим кунед

Мавзуъҳои «Firefox» ба шумо имкон медиҳанд, то тавонед намуди зоҳирии браузери худро тағйир диҳед. Онҳо нақшаи рангҳоро барои менюҳои браузер ва саҳифаҳои низоми «Firefox» муқаррар мекунанд ва ҳатто метавонанд ба лавҳаи абзорҳои «Firefox»-и шумо тасвири заминаро илова кунанд.

Браузери «Firefox» бо мавзуи низомии пешфарз меояд ва қаблан бо мавзуъҳои равшан, торик ва рангоранг танзим шудааст.

Тасвири мавзуъҳои пешфарз дар браузери «Firefox», ки мавзуъҳои равшан, торик ва рангорангро дар бар мегиранд.

Шумо метавонед мавзуъҳои фармоишии зиёди ройгонро дар сомонаи addons.mozilla.org пайдо кунед. Ба рӯйхати баҳои баланд, ҳавасангез ва бештар тавсияшуда назар андозед. Ё мавзуъҳоро аз рӯйи категорияҳо, аз он ҷумла мусиқӣ, мавсимӣ, варзиш ва табиат ҷустуҷӯ кунед. Таҷрибаи худро ба завқи шахсии худ мутобиқ созед. Аз ҳайвоноти зебо то роботҳои бад ва манзараҳои дилкаш — ҳазорон имконот мавҷуданд, то шумо тавонед браузери «Firefox»-ро комилан шахсӣ гардонед.

Тасвири се мавзуи фармоишии «Firefox»: мавзуи торики арғувонӣ ва гулобӣ бо унсурҳои сафеду норанҷӣ, мавзуи равшани қаҳваранг бо тасвири обии парандаҳо ва гулҳои гелос, ва мавзуи торики сиёҳу сабз бо нақши лавҳачаи технологияҳои баланд.