Ҷузъҳои иловагӣ ва васеъшавиҳои браузери «Firefox»
Васеъшавиҳо — ки бо номи ҷузъҳои иловагии «Firefox» низ шинохта мешаванд — хусусиятҳои иловагие мебошанд, ки шумо метавонед онҳоро боргирӣ ва насб кунед, то имконот ва абзорҳои браузери худро васеъ намоед. Ҷузъҳои иловагӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки браузери «Firefox»-и худро мутобиқ гардонед ва таҷрибаи истифодаи худро аз Интернет беҳтар созед.

Ҷузъҳои иловагии «Firefox» мавҷуданд, ки метавонанд фаъолияти пайгирии «Facebook»-ро дар Интернет қатъ кунанд, матнро ба забонҳои дигар тарҷума намоянд, имло ё грамматикаро тафтиш кунанд, ё намуди зоҳирии браузери шуморо зеботар гардонанд. Шумо метавонед ин васеъшавиҳо ва ҳазорон ҷузъи иловагии ройгони дигарро дар сомонаи addons.mozilla.org пайдо намоед.